ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Мутобиқи ин мушоҳидаҳо, дар 60 соли ахир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст; шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзудааст, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометереологии табиӣ зиёд шудааст.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир шумораи офатҳои табиии шадид беҳад афзоиш ёфтааст.
Офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.
Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ШМА зиёд гардид.
Ҳолати ногувор хусусан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, ки 93 фоизи ҳудуди умумии Тоҷикистонро ташкил дода, онҷо 80 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ба мушоҳида мерасад.
Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.
Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли ахир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст.
Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, сабабгори хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад.
Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои обӣ дар ҳудуди бархе аз кишварҳо ташаккул ёфта, истифодабарии қисми зиёди он ба дигар кишварҳо рост меояд, муддатест зарурати таҳияи стратегияи ягонаи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба миён омадааст.
Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳиммияти чунин стратегияро таъкид менамояд.
Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳимми рушди устувор ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.