ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Милисаи Маскав як ҷавони тоҷикро ҷустуҷӯ мекунад, ки дар куштори ҷавони 20-солае дар Маскави Нав муттаҳам мешавад. Дар ин бора оҷонсии "Москва" дар истинод ба як мабаъ дар мақомоти қудратӣ хабар медиҳад.
Бино бар иттилои пешакӣ, сар задани баҳс дар шабакаи иҷтимоӣ боиси ҷанҷол ва куштори як сокини 20-солаи Доғистон шудааст.
Маълум гардид, ки ин зодаи Доғтистон дар пайи захмҳои зиёди корд кушта шудааст.
"Ҳарифон маслиҳат кардаанд, ки дар қаҳвахонаи "Шербинко" чашм ба чашм во хӯрда, нофаҳмиро ҳал мекунанд. Рӯзи 22 март ҷабрдида бо чанде аз дӯстонаш ба макони мувофиқашуда омадааст. Дар назди қаҳвахона чанд муддат тирпарронӣ идома ёфта, ҳамчунин як нафари номаълум ба ҷабрдида корд маротиба бо корд зарба задааст".- тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Вай афзудааст, ҷавонон таксиеро даъват карда, мехостанд ҷабрдидаро ба беморситон баранд. Аммо вай дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Сипас онҳо мошинро истонда, ба пулис хабар додаанд.
Аз ҷойи ҳодиса шаш пӯкаи тир, гарданпеч ва оташфурӯзак пайдо шуд.
Бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин маълумотро месанҷад.