ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Додситони кулли Узбакистон расман эълом кард, ки ки бозҷӯӣ нисбати нахустмуовини собиқи додситони Тошканд Мираглам Мирзоев ва узви хонаводаи вай оғоз шудааст.
"Дар чорчӯбаи тафтишоти парвандаи ҷиноии Рашид Қодиров бозҷӯӣ бо ширкати нахустмуовини собиқи додситони шаҳри Тошканд Мирзоев М.А., ҳамсари вай Мирзиоева М.Х. ва писараш Мирзоев А.М. ба иттиҳоми ришваситонӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва содир кардани дигар қонуншикании идорӣ идома дорад",- омдааст дар иттилои манбаъ.
Пештар додситони Узбакистон дар бораи боздошт шудани собиқ додситони кул Рашид Қодиров ва муовинҳои пешини вай прокурорҳои вилояти Тошканд Улуғбек Суннатов ва Ҷамшед Файзиев хабар дода буд.
Қодиров аз соли 2000 то соли 2015 додситони кулли Узбакистон ва аз соли 2015 то соли 2017 узви Додгоҳи конститутсионии ҷумҳурӣ буд.
Он вақт Додситонии Узбакистон гузориш дод, ки дар оянда дар вебгоҳи ниҳод маълумотҳои мутобиқ дар бораи ин парванда мунташир хоҳанд шуд.