Меҳрона Ғайбуллоева: бе мусиқӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонам

Обуна шудан
Меҳрона Ғайбуллова- довталаби озмуни "Ту беҳтаринӣ!" дар бораи тамринҳояш барои ҳунарнамоӣ дар давраҳои минбаъдаи озмун нақл кард

Ин духтари тоҷик гуфт, муаллими мусиқии тарҳи "Ту беҳтаринӣ!" ба вай барои сайқал додани ҳунараш бисёр кӯмак мекунад.

"Ӯ беҳатрин устод аст", — бо шавқ мегӯяд вай.

Вай афзуд, ки Наталя Николаевна бо самимият ба онҳо дарс мегӯяд ва бо онҳо чунон муносибат мекнуад, ки гӯё овозхонҳои оянда бошанд.

Участница Ты супер! от Таджикистана Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон
Духтаре, ки барои Раҳмон суруд хонд: саргузашти Меҳрона Ғайбуллоева

"Мусиқӣ-ҳастии ман аст. Ман бе мусиқӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонам",- мегӯяд Меҳрона.

Ҳамчунин ин овохони ҷавон афзуд, ки ҳангоми ҳунарнамоӣ вай ҳаяҷон надошт.

"Танҳо вақте, ки ду ҳакамон тугмаи сабзро пахш карданд, ман баташвиш даромадам, ки оё ду тугмаи дигар сурх мемонда бошанд",- мегӯяд вай.

Ёдрас мешавем, дар давраи аввали озмун Меҳронаро чор довар якдилона ҷонибдорӣ карда буданд. Ин довталаб аз Тоҷикистон сарбаландона ба давраи дувуми озмун гузашта буд.

Лентаи хабарҳо
0