Шоҳи Марокаш аз ҳамсараш ҷудо шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКороль Марокко Мухаммед VI
Король Марокко Мухаммед VI - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Охирин бор ҳамсари шоҳ дар маросими кушодашавии осорхонаи Ива Сен-Лорана дар Марокаш, моҳи октябри порсол будааст, ширкат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Шоҳи Марокаш Муҳаммади VI ва ҳамсараш шаҳбону Салмо ҷудо шудаанд, хабар медиҳад нашриёти испонии Hola бо такя ба манобеъи худ.

Хабар дода мешавад, ки шоҳи 54-сола ва шаҳбонуи 39-сола 21 марти соли 2002 издивоҷ кардаанд. Ин ҷуфт соҳиби ду фарзанд-шоҳзода Ҳассан, ки соли таваллудаш 2003 аст ва шаҳдухт Хадичаи 11 сола мебошанд.

Қайд мешавад, ки "шоҳ ва шаҳбону пас аз сафари порсола ба Куба ва Майами аз ҳам дур шуданд". Оғоз аз он замон Салмо дар чорабиниҳои оммавӣ пайдо нашудааст.

Рухдоди охирин расмие, ки ҳамсари шоҳ рафта будааст, маросими кушодашавии осорхонаи Ива Сен-Лорана дар Марокаш дар моҳи октябри соли гузашта будааст.

Лентаи хабарҳо
0