Муҳоҷирон имсол аз Русия ба Тоҷикистон бештар пул фиристодаанд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМигранты, архивное фото
Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки марказии Русия аз афзоиши интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар соли 2017 хабар дод

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Бонки марказии Русия гузориш дода, ки муҳоҷирон дар соли 2017 ба Тоҷикистон 2 милёрду 536 милюн дулор пул фиристодаанд.

Бино бар ин гузориш, ки дар вебгоҳи Бонки марказии Русия мунташир шудааст, имсол муҳоҷирон 600 милюн дулор бештар аз порсол ба кишварашон интиқол додаанд.

Центр тестирования трудовых мигрантов в Ростове-на-Дону. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду соли зиндон барои ҳамдастони роҳандозони муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия

Коршиносон пешбинӣ карда буданд, агар раванди интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон то поёни соли 2017 рӯ ба афзоиш бимонад, барои нахустин бор дар се сол ахир аз 2 милёрд дулор бештар хоҳад шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи таҳримбандиҳои Ғарб бар Русия дар соли 2014, музди моҳиёнаи коргарони муҳоҷир дар ин кишвар низ ба шиддат кам шуд, ки ошуфтагӣ дар бозори дохилии Тоҷикистонро дар пай дошт.

Пеш аз ин таҳримҳо, чунончи, дар соли 2013, муҳоҷирон ба Тоҷикистон 4 милёрду 200 милюн дулор пул ирсол карда буданд, аммо дар соли 2016 ин рақам ба 1 милёрду 929 милюн дулор коҳиш ёфт.

Ҳарчанд афзоиши ҳазинаи дарёфти муҷаввизи кору иқомат, ҳаққи бимаи иҷтимоъӣ ва молиёт мизони даромади молии ҳама коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷиконро коҳиш дода, вале порсол онҳо тавонистаанд афзун бар 2,5 милёрд дулор ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0