Манойло: ИМА мехоҳад канали қочоқбарии Тоҷикистонро зери назорати худ гирад

© Фото из личного архива А. МанойлоПрофессор МГУ Андрей Манойло, архивное фото
Профессор МГУ Андрей Манойло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Прфессори ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, доктори илмҳои сиёсӣ Андрей Манойло дар бораи алоқаманди зичи Амрико бо Тоҷикистон нақл кард

ИМА Маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба назорати содирот ва паҳн накардани силоҳи қатли ом (WMD)-ро, ки нархаш 370 ҳазор доллар аст, ба Тоҷикистон дод.

Маркази таълимӣ ба ихтиёри Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии ҷумҳуриявӣ гузошта, барои омодасозии мутахассисони баландихтисос дар мубориза бо қочоқ равона шудааст.

Сиёсатшинос Андрей Манойло ин амалро чунин шарҳ дод: Тоҷикистон нуқтаи калидӣ дар интиқоли молҳои гуногуни қочоқӣ аз Осиё ба Урупо мебошад.

"Агар ин кишвар ба ҳайси платформаи пешгирии ҷараёни қочоқи маводи мухаддир истифода бурда шавад, ҷойи муносибтаре аз он вуҷуд надорад", — гуфт Андрей Манойло ба Sputnik Тоҷикистон.

Манойло: Таджикистан - важное звено в системе коллективной безопасности России

 

Ӯ зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ аз қудрати худро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷи он, доимо ҷустуҷӯ мекунад, зеро дар Тоҷикистон зарурати нигоҳ доштани он сулҳи шакковар ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

"Аммо Тоҷикистон пайванди муҳиме дар низоми амнияти дастҷамъонаи марзҳои ҷанубии Русия мебошад. Агар ин пайванд фишор ва ё талаф ёбад, пас он амният мавҷуда ба хисороти азиме дучор хоҳад шуд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон барои ҳама муҳим аст", — гуфт олими сиёсатшинос.

Коршинос чунин мешуморад, ки амрикоиҳо ба назорати интиқоли маводи мухаддир ва дигар ҷараёнҳое, ки тавассути қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, хеле манфиатдоранд.

Шарҳи муфассалро дар подкасти мо гӯш кунед.

Лентаи хабарҳо
0