Дар Ироқ низ расман барои Наврӯз таътил эълон карданд

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкГород Багдад, архивное фото
Город Багдад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ироқиҳо дар айёми Наврӯз ба табиат мераванд ва дар Бағдод низ бӯстони бузурги "Аз-Зуваро" шоҳиди ҷамъомад ва барпоии ҷашнҳои наврӯзӣ аст.

ДУШАНБЕ, 22 мар- Sputnik. Нахуствазири Ироқ ба муносибати Наврӯз ду рӯз таътилии расмӣ дар ин кишвар эълом кард, гузориш медиҳад хабаргузории "Парс тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, нахуствазир  Ҳайдар Ибодӣ сешанбешаб дар баёнияе хотирнишон кард, аз рӯзи чаҳоршанбе ба муддати ду рӯз дар Ироқ ба муносибати Наврӯз таътили расмӣ хоҳад буд. Иди Наврӯз ҳамасола дар бештари манотиқи Ироқ ҷашн гирифта мешавад.

Кабул, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯзи хунбор дар Кобул: ДОИШ боз ҳам даст ба куштор зад

Ироқиҳо дар айёми Наврӯз ба табиат мераванд ва дар Бағдод низ бӯстони бузурги "Аз-Зуваро" шоҳиди ҷамъомад ва барпоии ҷашнҳои наврӯзӣ аст.
 Ин ҷашнҳо дар минтақаи Курдистони Ироқ дар сатҳи васеътаре баргузор мешаванд.

Иди Наврӯз дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад, аммо дар 9 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин номи "Наврӯз" дар тақвими расмиашон таътил аст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал ҷашнвораи "Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор шуд.

Дар Фестивал Намоишгоҳи маҳсулотҳои ширкатҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, иншоотҳои санаторӣ — курортӣ ташкил гардида буд.

Ҳамчунин, ороиши ҳуҷраҳои наварўсони минтақаҳои Тоҷикистон, сурудҳо ва рақсҳои миллии минтақаҳо, молҳои дастии ҳунармандон, бозиҳои хоси наврӯзӣ шеърхонӣ ва байтбарак, ҳафтсину ҳафтшин, нонпазӣ, хӯрокҳои миллӣ, намоиши аксҳои мусаввирон ва ҳайкалтарошон, намоиши созҳои мусиқии миллӣ ба маъраз гузошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0