Вазорати тандурустӣ Наврӯзро дар осоишгоҳи "Харангон" таҷлил кард

© Министерство здравоохранения РТПразднование Навруз в министерстве здравоохранения РТ
Празднование Навруз в министерстве здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро дар "Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Харангон" – и ноҳияи Варзоб таҷлил карданд

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз таи чанд рӯз аст, ки дар ҳама муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон идома дорад, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

Ба гузориши манбаъ, рӯзи 17 март дар Муассисаи давлатии "Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати "Харангон" – и ноҳияи Варзоб маросими Наврӯзии Вазорати тандурустӣ баргузор гардидааст.

Милиционеры ГБАО празднуют Навруз - Sputnik Тоҷикистон
Собиқадорони ВКД Бадахшон Наврӯзро таҷлил карданд

Дар расми баргузории маросими идона Насим Олимзода, вазири тандурустӣ, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва намояндагони ташкилоти шарикони рушд ширкат кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки саҳни ҳавлии макони ҷашн бо шиору овезаҳо ва гулҳо идона оро дода шуда, дар чор гӯша дастурхони ҳафт сину ҳафт шин, намунаҳо аз расму ойинҳои минтақаҳои гуногуни кишвар, масъули эҷоди табақаи инконияташон маҳдуд ба намоиш гузошта шудааст.

Дар доираи ин чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, шеъру таронаҳои наврӯзи, рақсу суруди миллӣ ва ороиши дастурхони идона бо таомҳои миллӣ шукӯҳи ин идро афзун кардааст.

Ҳамчунин дар ҷашни мазкур раиси ноҳияи Варзоб ширкат карда табрикоти аҳли ноҳияро дар симои ҷамъомадагон ба кулли сокинони кишвар расонидааст.

Дар хотима вазири тандурустӣ Насим Олимзода ва директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ Қувват Холзода собиқадорони ҷангу меҳнатро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0