ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Вазир гуфтааст, ки таҷлили ботантанаи Наврўзи Аҷам – иди бостонии ниёгонамон, бахусус бо шарофати истиқлол ва иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззам шукӯҳу таровати тоза касб намуд, менависад равобити умумии Вазорати фарҳанг.
Дар идомаи табрикот вазир гуфтааст, ки басо рамзист, ки таҷлили Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон ба оғози баҳори фархунда, Наврўзи ҷаҳонафрўз рост меояд.
Аз ин рӯ, бо эҳтироми калон аҳли фарҳанги кишварро ҳам бо иди касбӣ ва ҳам бо фарорасии Иди байналмилалии Наврўзи хуҷастапай, иди баҳору зиндагӣ табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва аҳли хонадонатон сиҳатмандӣ, фаъолияти муваффақонаи эҷодӣ ва саодату хушрӯзиро таманно менамоям.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихори бепоён аст, ки бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар радифи инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт соҳаи фарҳанг рушду нумўъ ёфта, расму оини ниёгонамон эҳё мегардад ва сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеаву ҳисси ифтихору сарфарозии сокинони кишвар аз давлатдории миллии тоҷикону соҳибкитобу соҳибфарҳанг буданашон боло меравад.
"Таҷлили ботантанаи ҷашни фархунда, Наврўзи Аҷам – иди бостонии ниёгонамон, бахусус бо шарофати Истиқлолият ва иқдоми наҷибонаи Пешвои муаззам шукўҳу таровати тоза касб намуд", — омадааст дар табрикоти вазир.
Эълон гардидани 20 март ҳамчун Рӯзи фарҳанг ва рост омадани он ба ҷашни зебои Наврўзи навбаҳорон фаъолияти моро бешак дар иҷрои нақшаҳои пешгирифтаамон, ҷиҳати рушду нумўи санъату фарҳанги мамлакат, беш аз пеш пурсамар намуда, ба бахту саодат ва баракати кори аҳли фарҳанг дастовардҳои нав зам менамояд.
Ду ҷашни фирўз муборак ва табъи хушу хотири ҷамъ ва саодати рўзгор, муваффақиятҳои кор баҳри рушди фарҳанги кишвар ҳамеша ҳамқадаматон бод, ҳамкасбони гиромӣ!