Гардишгарони урупоӣ ва амрикоӣ бо қатораҳо ба Тоҷикистон меоянд

© © Посольство Таджикикстана в ГерманииВстреча посла Таджикистана в Германии и директором туристической компании Нурланом Мукашом
Встреча посла Таджикистана в Германии и директором туристической компании Нурланом Мукашом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гардишгарони амрикоӣ ва урупоӣ бо чор қатора тариқи "Роҳи Абрешим" ба Тоҷикистон хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 21 мар— Sputnik. Ин хабаррро директори ширкати сайёҳии Олмон "Lernidee Erlebnisreisen GmbH" Нурлан Мукаш дар суҳбат ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Маликшо Неъматов гуфтааст.

Нурлан Мукаш гуфтааст, ки "ният дорем,  бо 4 қатораи махсуси сайёҳӣ гардишгарони урупоӣ ва амрикоиро бо сайрхати "Шоҳроҳи Абрешим" ба Тоҷикистон барем".

Ширкати "Lernidee Erlebnisreisen GmbH", ба ташкили сайру саёҳат тариқи қатора ба гушаҳои гуногуни олам машғул аст. Ин ширкат соли 2017 бори нахуст як гурӯҳи100- нафараи гардишгаронро аз Олмон ва Амрико ба тамошои Тоҷикистон оварда будааст.

Таджикистан. Памир - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон беҳтарин макони гардишгарӣ дар ҷаҳон шинохта шуд

Нурлан Мукаш дар мулоқот бо сафир гуфтааст, "Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони сайёҳӣ буда, дар байни мардумони Аврупо ва Амрико ҳавасмандони зиёде нияти сафар ба кишвари шуморо доранд".

Ҳамзамон дар рафти сӯҳбат зикр гардидааст, ки ба сатҳи нав баромадани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон дар рушди гардишгарӣ метавонад муосидати созгор намояд ва аз ин рӯ ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки бо 4 қатораи махсуси сайёҳӣ гардишгарони урупоӣ ва амрикоиро бо сайрхати "Шоҳроҳи Абрешим" ба Тоҷикистон биёрад.

Пештар хабар дода шуд, ки президенти ширкати амрикоии "Rovia" гуфтааст, ки барои ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои гардишгарии тоҷикистонӣ омода буда, ҷиҳати ҷалби васеи сайёҳони кишвари Амрико ба ин сарзамин, кӯшиш менамояд.

Лентаи хабарҳо
0