ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. ФИФА аз фурӯши чиптаҳо барои ҶҶ-2018, ки имсол дар Русия баргузор хоҳад шуд, қаноатманд аст, эълом намуд ба хабарнигорон мудири Раёсати баргузории мусобиқот ва чорабиниҳои Созмон Колин Смит.
"Мо аз чӣ тавр ба фурӯш рафтани чиптаҳо хеле розием. Ду миллион чипта! Замоне, ки мо фурӯшро бо тартиби навбати зинда шурӯъ намудем, дидем, ки дар як шабонарӯз 350 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Мо умедворем, ки он сатҳи баланди фурӯше, ки нишон дода шудааст, то лаҳзаи ба фурӯш рафтани ҳамаи чиптаҳо, паст намешавад", — шарҳ дод ӯ ва илова кард, ки дар шаҳри Екатеринбург чиптаҳо барои ҳамаи бозиҳое, ки дар он ҷо баргузор хоҳанд шуд, хуб ба савдо рафта истодааст.
Аз суръати баланди фурӯши чиптаҳо дар Екатеринбург ҳамчунин мудири омили кумитаи ташкилии "Россия-2018" Алексей Сорокин изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки барои бозиҳои «екатеринбургӣ»-и Ҷоми ҷаҳон чиптаи кам мондааст.
Пештар маълум шуд, ки Вазорати саноат ва савдои ФР мутобиқи дастури ҳукумат то санаи 3 апрел лоиҳаи тасвибномаи меъёриеро, ки барои оғоз намудани кори системаи "tax free" дар шаҳрҳое, ки Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018-ро қабул мекунанд, дар амал татбиқ менамояд, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва савдои ФР.
Рӯзи сешанбе муовини раиси Хадамоти федералии гумрук (ХФГ) ФР Тимур Максимов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки системаи "tax free" дар арафаи Ҷоми ҷаҳонӣ, ки тобистони соли 2018 дар Русия мегузарад, роҳандозӣ мешавад. Ӯ илова намуд, ки система каме пеш аз оғози ҶҶ-2018 ба кори худ сар мекунад.
"Мутобиқи дастури ҳукумати ФР, Вазорати саноат ва савдои Русия бояд то санаи 3-юми апрели 2018 лоиҳаи тасвибномаи меъёриеро, ки барои татбиқи лоиҳаи пилотӣ дар шаҳрҳое, ки мусобиқоти варзишии FIFA 2018 мегузаранд, роҳандозӣ намояд", — иттилоъ доданд аз хадамоти матбуотӣ.
"Кори системаи "tax free" дар ин шаҳрҳо пас аз тасдиқи тасвибномаи мувофиқ ва бо тартиби муқарраргардида, оғоз меёбад", — афзуданд дар вазорат.
Ҷоми ҷаҳонӣ аз 14-уми июн то 15-уми июли соли 2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия ─ Москва, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростов-на-Дону, Сочи ва Екатеринбург ─ мегузарад.
Ҳамаи иттилоот дар бораи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русияро метавонад дар лоиҳаи махсуси FIFA-2018 пайдо кунед.