Малика – як тоҷикдухтари дигар ба даври дувуми озмуни "Ту беҳтаринӣ!" роҳ ёфт

© © НТВУчастница конкурса "Ты супер!" Малика Рыбина
Участница конкурса Ты супер! Малика Рыбина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Малика Рибина аз Хакасия дар озмуни овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ҳунарнамоӣ мекунад, ки дар шабакаи телевизюнии НТВ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Малика 15-сола аст. Падараш марде муҳоҷир аз Тоҷикистон буда, ки даҳ сол пеш аз ин аз Русия ихроҷ карда шудааст. Модараш низ ӯро раҳо кардаву рафтааст. Вайро хонаводае дар Хакасия фарзанд хондаву бузург кардааст.

Малика дар ин озмун таронаи "Обезоружена"-ро иҷро мекард. Ҳануз ба нимаш нарасида буд, ки Юлиана Караулова тукмаи сабзро пахш кард. Сергей Лазарев ва Игор Крутой низ аз ӯ пайравӣ карданд ва Малика ба даври дувуми озмун роҳ ёфт.

Малика дар хонаводае зиндагӣ ба сар мебарад, ки даҳ касро дар бар мегирад. Дар ин хонавода ҳама ҳамдигарро дӯст медоранд. Онҳо ҳама фарзандхонда ҳастанд. Вай даҳ сол боз бо падархондаву модархондааш зиндагӣ мекунад. Падару модарашро дар ёд надорад. Падарашро замоне аз Русия ихроҷ карда буданд, ки ӯ панҷсола буд. Модараш се фарзандро ба ҳамсоя супурду гуфт корҷӯӣ меравад ва дигар бар нагашт. Малика медонад, ки модараш зинда аст, вале намехоҳад сарпарастии ӯро ба уҳда бигирад.

Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон
Меҳрона: доим ба мактуби мухлисонам посух медиҳам

Малика даҳ сол боз овозхониро меомӯзад. Нахустин бор дар саҳнаи фарҳангсарои рустояшон ҳунарнамоӣ кардааст. Вай мехоҳад дар риштаи мусиқӣ низ таҳсил кунад ва орзӯ дорад овозхону оҳангсоз шавад. Афзун бар мусиқӣ ва овоз Малика рақсу баскетболро низ дӯст медорад.

Пеш аз ин Sputnik Тоҷикистон аз пирӯзии тоҷикдухтаре дигар – Меҳрона Ғайбуллоева дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" хабар дода буд.

Меҳрона дар ин озмун таронаи "Драмы больше нет"-ро бозхонӣ кард, ки онро Полина Гагарина – яке аз номдортарин овозхонҳои ҷавони Русия иҷро мекунад. Доварони озмунро аз овозхонии ин духтари 17-сола бисёр хуш омад ва Меҳрона ба даври дигар роҳ ёфт.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!"-ро шабакаи телевизюнии НТВ ва Хабаргузории байналмилалӣ ва родиюи Sputnik ташкил кардаанд. Ин озмун ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе сарпарастии волидайн мондаанд, имкон медиҳад, ки аз худ хабар диҳанду саҳнаҳои бузургро тасхир намоянд.

Лентаи хабарҳо
0