Аввалин "Дисней" дар Душанбе ё "Дунёи афсонаҳо" барои кӯдакони тоҷик (НАВОР)

Обуна шудан
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии "Дунёи афсона" — ро барои кӯдакони кишвар мавриди истифода қарор доданд

Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0