ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Мӯъминобод писарбачаи 9-солае зери чархи мошин ба ҳалокат расид.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шоми рӯзи гузашта, 19 март, соати 17:30 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Мӯъминобод рух додааст.
"Суфиев Иззатулло Қудратуллоевич, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Шарафи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҳасанобод ба самти деҳаи Шараф, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабобод бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Рамазони Баҳодур Мирзосафарзода, соли таваллудаш 2009, сокини деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро пахш намудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.