Имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 25 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе пришла весна
В Душанбе пришла весна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Имрӯз, 20 март дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-1 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 7-9 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0