ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Авзоъ дар Афғонистон мояи нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, мегӯяд коршиноси масоили Ховари Миёна Виктор Надеин-Раевский.
"Ҷобаҷоии гурӯҳҳои теруристӣ, аз ҷумла ДОИШ, дар паи шикасти он дар Сурия ва Ироқ ба манотиқи шимолии Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро нигарон кардааст, зеро ин масъала метавонад пайомадҳои нохуше барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дошта бошад", — гуфт Надеин-Раевский дар мусоҳиба бо Sputnik Узбакистон.
Вай афзуд, ки ҳамчунин ҷанги 40-сола, даргириҳо ва ноамнӣ дар Афғонистон фурсати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин кишвар бо кишварҳои Осиёи Марказиро аз байн бурдааст.
Аз ин рӯ, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон қасд дорад, ки бо баргузории ҳамоиши байналмилалии "Раванди сулҳи Афғонистон, ҳамкории амниятӣ ва минтақаӣ" дар рӯзҳои 26 — 27 март дар шаҳри Тошканд, барои ёфтани роҳи ҳалли поён додан ба ҷанг дар Афғонистон иқдом кунад.
Вай тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон ва Узбакистон бештар аз дигар кишварҳои минтақа аз истиқрори сулҳ дар Афғонистонро ҳимоят мекунанд, зеро бо ин кишвар ҳаммарз ҳастанд ва барои густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва энержӣ бо Афғонистон, Покистон ва Ҳинд ниёзманди истиқрори сулҳу амният дар наздикии марзҳои хеш ҳастанд.
Қарор аст, вазирони умури хориҷаи Туркия, Чин, Покистон, Русия, Олмон, Англия, Ҳинд, Эрон, Амрико, Итолиё, Фаронса, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ низ дар он ҳамоиш ҳузур ёбанд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Тадамичӣ Ямамото, фиристодаи вижаи ин созмон барои Афғонистон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Урупо низ ширкат хоҳанд кард.