Путин даъвати Мирзиёевро барои боздид аз Узбакистон пазируфт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рафти суҳбати телефонӣ, раисҷумҳурҳои Русия ва кишвардори Узбакистон инчунин рушду тавсеаи муносиботи байни кишварҳояшонро қайд карда, масоили сиёсии минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҷараёни сҳбати телефонӣ бо сарвари Узбакистон Шавкат Мирзиёев, даъвати ӯро дар бораи боздид аз кишвараш пазируфт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

"Раисҷумҳури Русия аз қадрдонии самимона ва табрикоту таҳнияти дӯстона изҳори миннатдорӣ намуда, инчунин даъвати боздиди ватанамонро хушҳолона пазируфт", — гуфта мешавад дар хабарнома.

Чӣ тавре, ки хадамоти матбуотӣ гузориш медиҳад, Мирзиёев ва Путин дар рафти сӯҳбати телефонӣ рушди  муносиботи дуҷонибаро баррасӣ намуда, масоили сиёсии минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима кардаанд.

Дар интихоботи раисҷумҳури Русия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, сарвари давлат Владимир Путин бо ҳошияи қобили таваҷҷӯҳ аз дигар номзадҳо, ва бо касби 76,66%-и овозҳо пас аз коркарди 99,84%-и маълумоти протоколҳо, ғалаба ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0