Нозир аз Тоҷикистон дар бораи интихоботи Русия гуфт

© © SputnikАсозода Хайрулло - Член Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по энергетике, промышленности, строительству и коммуникациям
Асозода Хайрулло -  Член Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по энергетике, промышленности, строительству и коммуникациям - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узви Кумитаи палатаи поёнии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Асозода дар бораи интихобот дар Русия гуфт

Ба гуфти намояндаи парлумони Тоҷикистон, интихоботи раисҷумҳури Русия  тибқи қонунгузории Русия гузаштааст.

"Дар воқеъ табъи хуши мардум ба ман хеле писанд омад. Мо дидем, ки онҳо бо оилаҳо ва кӯдакони хеш ба овоздиҳӣ меоянд. Бо нозирони кишварҳои дигар мо сӯҳбат доштем, мулоҳизоти вижаеро аз онҳо нашунидем", — иттилоъ дод Хайрулло Асозода ба Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ таъкид кард, ки ташкилкунандагон вазифаи худро хеле масъулиятнок анҷом доданд. Нозир инчунин омили дигареро қайд кард, ки дар ин интихобот як навоварии муҳиме буд — овоздиҳӣ аз рӯи макони зист.

"Ман чунин фикр мекунам, ки агар ин таҷриба худро аз ҷиҳати мусбӣ нишон диҳад, онро метавон дар Тоҷикистон ҳам татбиқ кард", — зикр кард Хайрулло Асозода.

Тафсилоти бештарро дар шакли овозӣ гӯш кунед.

Наблюдатель из Таджикистана рассказал о ходе выборов президента РФ
Лентаи хабарҳо
0