Имдодгарони ВМКБ аз ин пас бо "Нива" ба ёрӣ мешитобанд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль "Нива", архивное фото
Автомобиль Нива, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Нива" ба бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Рӯшон супорида шудааст ва интизор мешавад, ки ин худрав бахши техникии кумитаро пурратар мекунад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фақуллодаи Тоҷикистон дар ВМКБ, худрави "Нива" доданд, хабар медиҳад Тоҷик.ТА.

"Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ВМКБ худрави "Нива" доданд", —омадааст дар хабарнома.

Расчистка дороги после снежной лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ мардумро аз зери "тарма" наҷот доданд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Рустам Назарзода ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ ба вилояти мухтоори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда бо сардорони бахшҳои КҲФ шаҳру навоҳии вилоят дидору мулоқот кардааст.

Дар чорчӯби ҳамин дидору вохӯрӣ супоридани худрави Нива ба КҲФ баргузор шудааст.

"Нива" ба бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Рӯшон супорида шудааст ва интизор мешавад, ки ин худрав бахши техникии кумитаро пурратар мекунад.

Ин худрав дар чорчӯби барномаи "ДИПЕКО-10" дастраси наҷотдиҳандгон шудааст. Раиси КҲФ шарикони хориҷиашонро барои кумак дар самти ёрӣ ба аҳолии зарардида сипосгузорӣ кардааст.

Ҳамчунин раиси КҲФ дар рафти ин сафар бо фаъолияти филиали оҷонсии рушди Оқохон-"Фокус кумаки гуманитарӣ" ошно шудааст.

Лентаи хабарҳо
0