Эмомалӣ Раҳмон майдони футболи "Душанбе Арена"-ро ифтитоҳ кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии "Душанбе Арена"-ро ба баҳрабардорӣ расониданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ин иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминии тоҷик" сохта шуда, масоҳати умумии он 1,2 гектарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

"Майдони варзишии "Душанбе Арена" бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст", — омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо зиёиён - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди Раҳмон дар дидор бо зиёиён: масъулин завқ надоранд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми корҳои сохтмонӣ дар майдони варзишии "Душанбе Арена" баҳои баланд додааст.

Тарҳи майдони варзишии "Душанбе Арена" аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминии тоҷик" омода шудааст.

Дар майдони варзишии "Душанбе Арена" барои гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва машқу тамрин шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар кишвар роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0