ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз дар паи бемории қалб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров дар синни 63-солагӣ дар манзили зисташ дар Душанбе аз олам даргузашт, хабар медиҳад расонаҳои тоҷикӣ.
Маросими ҷанозаи марҳум фардо дар зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон баргузор мешавад.
Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров 13 октябри соли 1955 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аст.
Ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуда, дар вазифаҳои муовини раиси ВМКБ ва кормнади Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Моҳи марти соли 2015 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуда буд.