Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз Рустам Эмомалӣ барои тӯҳфа ба ҷавонон

Обуна шудан
Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи баланд анҷом ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори  Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии "Ҷавонон"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон.

Ин рӯйдоди муҳими ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуд, меафзояд манбаъ.

Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ҷавонон" шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Баъди ифтитоҳи маркази фарҳангию фароғатӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.

"Президент зимни шиносоӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва ҳамаи мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахтамон заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, баҳои баланд дода, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос кард",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Розлив воды. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ба маблағи 15 миллион доллар корхонаи истеҳсоли оби ошимиданӣ месозанд

Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, "Картодром", қаҳвахонаҳои "Азия", "Австралия", обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидааст.
Боғи фарҳангию фароғатии "Ҷавонон" аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Ороиши даромадгоҳи боғ бо сутунпояҳои бошукӯҳу ороиши гулҳои мавсимӣ бунёд шудааст, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозад.

Ҳамчунин дар боғ майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт шароит муҳаё карда шудааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 130 ҳазору 170 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 116 нишастгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва сайру сайёҳати сокинон ва меҳмонони пойтахт мебошад.

Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 553 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногун дастур дод.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. Дар ҳудуди боғ ҳамчунин 13 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0