Бист кӯдаки бемори модарзоди дил бо кӯмаки Раҳмон сиҳат шуданд

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи ифтитоҳи “Дунёи афсона” яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки дар асоси иқдомҳои раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бист кӯдаки бемори модарзоди дил бо кӯмаки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дармон ёфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар итттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи 19 мартраисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии "Дунёи афсона" — ро барои кӯдакони  кишвар мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи "Дунёи афсона" — ро Корхонаи Воҳиди Давлатии "Лоиҳакаш" — и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи Воҳиди Давлатии "Ширкати алюминии тоҷик" таҳия карда, онро дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.

Мальчик в Новосибирске расплакался из-за того, что не увидел дядю Путина - Sputnik Тоҷикистон
Мехостам "Путин-амак"-ро бинам: гиряи ҷонсӯзи кӯдаки хурдсол

"Дунёи афсона" дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ" сохта шудааст ва он дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Манбаъ меафзояд дар рӯзи ифтитоҳи "Дунёи афсона" яке аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдакон, ки бо иқдомҳои нраисҷумҳури Тоҷикистон ба таври ройгон ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд.

"Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ ин кӯдакон комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд. Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд", — меафзояд дафтари матбуотӣ.

Падару модарони кудакони ҷарроҳишуда, ба раисҷумҳур изҳори сипосу миннатдории худро баён доштанд, зеро табобати чунин бемориҳои дил дар хориҷи кишвар ва он ҳам бо харҷи зиёди маблағ гузаронида мешуд.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи "Дунёи афсона" барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд карда шудааст.

Хурсандибахш он аст, ки дар ин маҷмааи навбунёд даҳҳо нафар занону мардон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0