Дар ноҳияи Ҳисор роҳбари ҷамоати деҳот барои гирифтани ришва маҳкум шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешВзятка, архивное фото
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари ҷамоати деҳоте дар ноҳияи Ҳисор аз шаҳрванди А, баҳри ҷудо кардани 0,12 гектар замин барои сохтмони корхонаи тавлидӣ, 1,5 ҳазор доллар талаб намуд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Раиси ҷамоати деҳоти "Ориён"-и ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон  Қурбонов Дӯстмурод Маҳмадраҳимович, аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, бо гумони гирифтани ришва, боздошт шудааст.

Маълум гаштааст, ки Қурбонов аз шаҳрванди А баҳри ҷудо кардани 0,12 гектар замин аз масоҳати ҷамоат барои сохтмони корхонаи тавлидӣ, 1,5 ҳазор доллар талаб намудааст.

Раис аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор, дар дохили автомобилаш ҳангоми гирифтани ришва, боздошт шудааст.

Дар нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 247, қ. 2-и КҶ Тоҷикистон кушода шуда, тафтиш бурда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0