Пирӯзии донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Дави наврӯзӣ

© Sputnik / Виталий БелоусовЛегкая атлетика. Бег, архивное фото
Легкая атлетика. Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik.  Мусобиқаҳои  варзишӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида шуда, дар Душанбе он  аз гардиши Товус то Наврӯзгоҳ (ба масофаи 3,5 км) сурат  гирифтааст.

Дар сабқати Дави наврӯзӣ, ки донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ба номи Саимуъмин Раҳимов  Дилшод Саидов ва Муборакшоҳ Саидамиров ғолиб  гардиданд.

Ин сабқатҳо ба муносибати  Наврӯзи хуҷастапай гузаронида шудааст.

Таҷлили Наврӯз дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши аксӣ аз таҷлили Наврӯз дар Маскав

Ғолибони ин мусобиқот бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқот, оммавияти варзиш ва солимгардонии ҷомеа ҳамчун муждаи неку хуҷастаи ҷашни Наврӯз гуфта шудааст.

Ҳамчунин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  давоми моҳи март ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯз як силсила, оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва мусобиқаҳои варзишии дигарро низ ба нақша гирифтааст.

Пештар хабар дода шуд, ки 22 март дар пойтахти Тоҷикистон Ҷашнвораи фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти номи "Наврӯз — мероси фарҳанги гардишгарӣ" баргузор мешавад.

Дар ин рӯз ҷашни гардишгарии Наврӯз ҳамчун бренди гардишгарии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Илова бар ин, 25 март дар маҷмааи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе намоиш бузурги театрӣ баргузор мешавад.

Бо дастури шаҳрдори Душанбе  Рустам Эмомалӣ, 26 марти соли ҷорӣ дар ҳамин маҷмаа мусобиқаи миллии куштӣ, ва 31 март пойгаҳои аспӣ ба амал меоянд.

Шаҳрдорӣ тақрибан 20 ҳазор доллар барои барпо кардани ин мусобиқот аз буҷаи худ ҷудо кардааст.

Лентаи хабарҳо
0