Сокини Душанбе телефони меҳмондори "Сомон эйр"-ро дуздидааст

© PixabayСотовый телефон, архивное фото
Сотовый телефон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини Душанбе телефони меҳмондори ширкати "Сомон эйр"-ро дуздидааст

ДУШАНБЕ, 18 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви ш.Душанбе, бо гумони дуздӣ дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, роҳбалади ширкати "Сомон-Эйр" муроҷиат намудааст, ки санаи 1-уми феврали соли 2018, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ, аз дохили ҳавопаймои хатсайри самти "Дубай-Душанбе" 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг-Галакси А-7"-ро дуздидааст.

Арзиши телефони мобилӣ, 3000-сомониро ташкил медиҳад. 

Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, бо гумони дуздӣ дастгир карда шудааст.

Манбаъ афзуда, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.    

Лентаи хабарҳо
0