Президент: гардишгарони амрикоиро ба Тоҷикистон меорам

CC BY-SA 2.0 / Eric Haglund / IMG_0541Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото
Иностранные туристы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо президенти ширкати амрикоии “Rovia” (Ровиа) Ҷим Менҷ дидору мулоқот кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар мулоқот муовини раиси Кумита, Ширин Амонзода вобаста ба пешниҳоди имтиёзҳо сухан гуфта, омодагии ширкатҳои сайёҳиро барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо ширкатҳои амрикоӣ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ сухан гуфтааст.

Президенти ширкати амрикоии "Rovia" гуфтааст, ки барои ҳамкории мутақобилан судманд бо ширкатҳои гардишгарии тоҷикистонӣ омода буда, ҷиҳати ҷалби васеи сайёҳони кишвари Амрико ба ин сарзамин, кӯшиш менамояд.

Таджикистан. Памир - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон беҳтарин макони гардишгарӣ дар ҷаҳон шинохта шуд

"Rovia" аз ширкатҳои сафарии пешқадами саноатӣ ва таъминкунандаи хизматрасонии маҷмўӣ, пешниҳодҳои калидӣ барои шарикони тиҷоратӣ ва ширкатҳои сайёҳии аъзо мебошад. Инчунин ширкат тавассути шабакаҳои васеи шарикони асосӣ сафарҳои омўзиширо барои истироҳат дар саросари ҷаҳон пешниҳод менамояд.

Дар вохўрӣ захира ва имкониятҳои гардишгарии Тоҷикистон аз тариқи муаррифӣ ва роликҳои таблиғотӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикории Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд. 

Се ширкати гаштпардози тоҷикӣ барои нахустин бор дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати гардишгарии MITT ширкат карданд, ки 13 — 15 март дар пойтахти Русия баргузор шуд.

Sputnik Тоҷикистон бо ширкатҳои гаштпардози Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии санъати гардишгарӣ дар Маскав ширкат доранд, гуфтугӯ кард ва аз тафреҳи хориҷиён дар он кишвар пурсид.

Пештар хабар дода шуд, ки гардишгарон дар паи фаромадани тарма дар кӯҳҳои Фон дармонданд. Онҳо натавонистанд ба зудӣ сафарашонро то Душанбе идома диҳанд ва барои кӯтоҳ кардани вақт консерте баргузор карданд.

Дар охири консерташон сайёҳон суруди устоди ҳунар-Далер Назаровро зам зама карданд.

Лентаи хабарҳо
0