Сӣ Ҷинпин барои панҷ соли дигар ҳукумати Чинро ба даст гирифт

© AP / Lintao ZhangПредседатель КНР Си Цзиньпин, архивное фото
Председатель КНР Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи роҳбари давлат субҳи имрӯз, 17 март дар иҷлосияи МНМЧ даъвати 13 бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik.Вакилони Маҷлиси намояндагони мардумии Чин (МНМЧ) Сӣ Ҷинпинро бо як овоз ба мақоми роҳбари Чин барои як панҷсолаи дигар интихоб карданд.

Интихоботи роҳбари давлат субҳи имрӯз, 17 март дар иҷлосияи МНМЧ даъвати 13 бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ баргузор шуд.

Ёдрас мешавем, Сӣ Ҷинпин дар соли 2013 дар иҷлосияи МНМЧ даъвати 12 барои 5 сол роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардида буд. Мақоми роҳбари ҶМЧ соли 1954 мувофиқи сарқонуни кишвар ташкил карда шуд.То 11 марти соли равон, дар Чин мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ 5 солро ташкил медод ва як нафар метавонист танҳо ду маротиба номзадиашро ба раёсати кишар гузорад. Аммо ба наздикӣ вакилони кишвар ба сарқонун тағйирот ворид карда, ин маҳдудиятро бардоштанд.

Председатель КНР Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сӣ Ҷинпин то ҷовидон: раҳбари Чин иқтисоди Осиёи Марказиро дигаргун мекунад

Боёд ёдоварӣ кард, ки симати Раиси Ҷумҳурии Халқи Чин пешинае дерина надорад ва онро дар соли 1982 раҳбари ислоҳгари чинӣ Ден Сяопин бунёд гузошта, ки Чинро локомотиви иқтисоди ҷаҳонӣ гардонда буд. Дар оғоз ва то чанд замоне ин симат бештар ташрифотӣ буд то мудириятӣ. Чунончӣ, худ Ден Сияопин, ки сарнавишти Чинро сохтааст, ҳаргиз раисҷумҳури Чин набудааст.

"Вай ин симатро ба ҳамраҳону ҳамандешонаш, куҳансарбозони ҳизби комунист вогузор карда буд, ки вазифаашон бештар ташрифотӣ ва диплроматӣ буд, чунончӣ, аз кишвар дар хориҷа намояндагӣ кунанд ва ё бо меҳмонони хориҷӣ дидор кунанд", — мегӯяд Александр Ломанов.

Вай афзуд, ки ҷойгоҳи ин симат дар солҳои 1990-ум рӯ ба дигаргунӣ ниҳод, ки Ҷиян Земин бо таъйиди хомӯшонаи Ден Сяопин оғоз ба қабзи қудрат дар як даст кард ва дар як замон ҳам дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Чин ва ҳам раиси Шурои низомии КМ ҲКЧ шуд.

Лентаи хабарҳо
0