БМТ феҳристи афроди алоқаманд бо теруристҳоро такмил кард

© SputnikСписок лиц, причастных к терроризму
Список лиц, причастных к терроризму - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон феҳристи шаҳрвандонеро, ки бо теруристон алоқа доранд, то ҳазор нафар такмил кард

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон феҳристи афродеро, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ҷустуҷӯ мешаванд, аз ҷумла, онҳоеро, ки дар иртибот бо теруристҳо айбдор карда шудаанд, такмил кард.

Гуфта мешавад, ки дар айни замон дар ин рӯйхат 1372 шаҳрванди Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Соле қабл дар он каме беш аз 200 нафар буд.

Ба руйхат Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дохил мешаванд, ки иборатанд аз: бародари 63-солаи ӯ Якоша Кабиров, хоҳари 46-солаи ӯ  Бибисоро Кабирова ва писари 23-солаи ӯ Салимҷон Кабиров, ки гӯё бо террористҳо иртибот доранд. Дар ин рӯйхат ҳамчунин номи рӯзноманигори ифротгарои тоҷик Додоҷон Атовуллоро низ дидан мумкин аст.

Эмблема ООН, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гулмурод Ҳалимов дар рӯйхати таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид

Дар равобити умумии БМТ ҳамчунин рӯйхати ташкилотҳое, ки аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, нашр шудааст.

Дар ин рӯйхат 15 ташкилот, аз ҷумла "Ивану-л-муслимин", "Ҷамаати-л-исломӣ", "Ҳаракати Толибон", "Ҳизби исломии Туркистон", "Лашкари Тайба", "Таблиғи ҷамоат", "Давлати исломӣ", "Ҷабҳату-н-нусра", "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон", "Ҳаракати исломии Узбакистон", "Ал-Қоида", "Ҷамъияти таблиғ", "Ташкилоти миссионерии динӣ", "Тоҷикистони озод", "Ҷамоати ансоруллоҳ", "Гурӯҳи 24" ва ғайра, нишон дода шудаанд.

Мақсади нашри ин рӯйхат бастани дороиҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки ба пулшӯӣ рабт доранд, ва ҳамчунин барои пешгирӣ кардани амалиётҳои имконпазири молиявӣ, ки аз ҷониби ин шахсон дар хориҷи Тоҷикистон ба амал оварда мешаванд, мебошад.

Қаблан хабар дода шуд, ки СММ таҳримҳоро дар нисбати Гулмород Ҳалимов, фармондеҳи собиқи гурезаи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон, ки соли 2015 ба гурӯҳакҳои террористии ДОИШ (фаъолияташ дар ФР манъ аст) пайваст, тамдид намуд.

Рӯйхати муҷаддади таҳримҳо дар нисбати ДИ ва "Ал-Қоида" (фаъолияташ дар ФР манъ аст) рӯзи сешанбе дар расонаи СММ нашр шуда, ки ба он 257 нафар шахсони воқеӣ ва 81 нафар шахсони ҳуқуқӣ, шомил шудаанд. Шӯрои амнияти СММ соли 2015 дар нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, муассисаҳо ва созмонҳое, ки ба ДИ ва "Ал-Қоида" мутааллиқанд, таҳримҳои ҳадафманд эълон намуд.

Ба ин рӯйхат ҳамчунин исми фармондеҳи барҷаста, зодаи ҷануби Тоҷикистон, Ҳасан Ал-Тоҷикӣ ворид шудааст.

Таҳримҳо кишварҳои узви СММ-ро вазифадор мекунанд, ки дороиҳои ашхос ва муассисаҳои номбурдаро баста, ба сафарҳои онҳо ва намояндагонашон мамнуият гузоранд, ҳамчунин таҳрими аслиҳаро дар нисбати шахсони воқеӣ ва созмонҳои номбаршуда таъмин намоянд.

Кадр из видеоролика, в котором Гулмурод Халимов заявил о присоединении к ИГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳимзода: То ҷое мо медонем, Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст

Ҳалимов — аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки таҳти таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ қарор дорад. Апрели соли 2015 ӯ ногаҳон нопадид гашт ва моҳи майи ҳамон сол дар Сурия пайдо шуду, тавассути як паёми видеоие эълон кард, ки ба ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Қаблан додгоҳи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисбати се хешовандони наздики Гулмурод Ҳалимови гуреза ҳукм бароварда буд.

"Ба Алӣ Ҳалимов, ҷияни Гулмурод Ҳалимов, ва бародаронаш Комилу Назир Ҳалимовҳо ҳукми додгоҳ дар шакли аз 7 то 18 соли маҳрумият аз озодӣ, бароварда шуд", — эълом карданд дар додгоҳ.

Ҳамчунин хабар дода шуда буд, ки соли гузашта дар Русия зиёда аз 14 миллион рубл, ки ба ашхосу ташкилотҳои гумонбар дар терроризм ва экстремизм мутааллиқанд, мунҷамид шудааст. Дар давоми як сол дороиҳои беш аз 500 нафар гумонбаршуда дар фаъолияти террористӣ баста шуданд. Ба рӯйхат асомии шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ даст доранд, шомил шудааст, ки теъдодашон зиёда аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0