Навори Наврӯз дар Арбат: қисме аз Тоҷикистон дар Русия

Обуна шудан
Дар давоми се рӯз хоҳишмандон метавонанд аз намоишгоҳи байналмилаллӣ, ки дар "Арбати Кӯҳна" ифтитоҳ шудааст, дидан кунанд

Дар Маскав аз 15 то 18 март дар "Арбати Кӯҳна" ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад

Дар ин се рӯз хоҳишмандон метавонанд аз намоишгоҳи байналмилаллӣ, ки дар "Арбати Кӯҳна" ифтитоҳ шудааст дидан кунанд. Дар ин намоишгоҳ ҳунармандони Русия ва кишварҳои узви ИДМ маҳсули дасти худро пешкаши тамошобинон мекунанд.

Таҷлили Наврӯз дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Гузориши аксӣ аз таҷлили Наврӯз дар Маскав

Дар чорчӯби таҷлили Наврӯз дар Маскав намоиши филмҳо, вохӯрӣ бо шоирону нависандагон, намоиши пӯшокҳои миллӣ ва албатта консерту намоиши ғизои миллӣ баргузор мешавад.

"Наврӯз нахустин бор дар "Арбати Кӯҳна" дар Максав таҷлил мешавад. Имсол баргузоркунандагони ин ҷашни бузург, "Кристалл-Экспо" ва сафорати
Тоҷикистон дар Русия бо ширкати созмони ҷамъиятии "Нур" мебошанд".

Дар ин рӯзҳо даромад ба намоишгоҳи наврӯзӣ ройгон ҳаст.

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст, ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0