Аз 1 март дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон 10 гузаргоҳ боз шуд. Аз 16 март бошад тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба мӯҳлати то 1 моҳ ба Узбакистон сафар кунанд.
Шаҳри Конибодом, ки дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ҷой гирифтаст, вақтҳои охир махсусан серодам аст: шаҳрвандони Узбакистон низ дар шаҳр ба назар мерасанд.Касе ба дидори Наздиконаш омадааст, касе барои фурӯши маҳсулот. Дар умум ҳама изҳори хурсанӣ мекнунанд, ки ниҳоят муносибати Тоҷикистону Узбакистон хуб шуд.

1/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷой гирифтааст

2/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Кӯчаи Ленин, маркази шаҳр. Аҳолии Конибодом ҳамагӣ 50,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад

3/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Бинои Ҳукумати шаҳри Конибодом

Ба наздикӣ дар шаҳр ду гузаргоҳ - "Равот" ва "Патар" ба кор даромад

Дар рӯзҳои истироҳатӣ аз гузаргоҳ мардум ба навбат мегузаранд

Гузаргоҳи марзии "Равот" дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон

7/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Таксиҳое, ки дар назди гузаргоҳ меистанд, на танҳо колоҳои мардумро мекашонанд, баъзан роҳ нишон медиҳанд. Зеро бархе аз меҳмонон пас аз солиёни зиёд бори аввал ба шаҳр меоянд

8/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Гузаргоҳ шаби ҷумъа серодам мешавад. Савдогарони узбакистонӣмолҳои худро рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар бозорҳои Конибодом мефурӯшанд

Гузаргоҳи марзии "Равот" дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон

10/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Шаҳрвандони Тоҷикистон марзро убур карда, ба Тоҷикистон меоянд

11/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Аз он ҷониби марз меҳмононро наздиконашон пешвоз мегиранд

Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Узбакистон 30 рӯз бидуни раводид монанд

13/16
© Sputnik / Амир Исаев
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки бештари шаҳрвандони Узбакистон, ки меҳнони Конибодом шудаанд, забони тоҷикиро медонанд

14/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Бо ворид шудани маҳсулоти Узбакистон ба бозори марказӣ нархҳо поён рафтанд

15/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Даҳ тухм дар Конибодом 17 сомонӣ, дар Душанбе бошад 24-27 сомонӣ аст

16/16
© © Sputnik / Амир Исаев
Сокинон низ изҳори умедворӣ мекунанд, ки ин наздикӣ байни ду кишвар солиёни зиёд боқӣ мемонад