Шодии беҳадди тоҷикону узбакҳо: зиндагӣ дар Конибодом пас аз боз шудани марзҳо

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото
Жители Узбекистана пересекают границу с Таджикистаном на КПП Патар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зиндагӣ дар ду гузаргоҳи марзӣ дар шаҳри Конибодом пас аз боз шудани марз ва бардошта шудани раводид дар ҷӯшу хурӯш аст: тоҷикону узбакҳо шитоб доранд зудтар ба дидори хешовандонашон бирасанд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Ҳамин чанд рӯз пеш дар зиндагии мардумони Тоҷикистон ва Узбакистон рухдоди бисёр муҳиме рӯй дод: дар бахшҳое аз марз миёни ин ду кишвар гузаргоҳҳои марзӣ барои рафту омади шаҳрвандон кушода шуданд.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри Конибодом рафт ва аз наздик бо равиши кори гузаргоҳҳои марзӣ ва вокуниши конибодомиён ба кушода шудани марз ошно шуд.

Тоҷикҳо ва узбакҳо чи вокунише ба боз шудани гузаргоҳҳо доштанд

Гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар қаламрави ноҳияи Конибодом 10 феврал кушода шуд. Ин рухдод мардумони вилоятҳои ҳаммарзи ду кишварро ғофилгир кард.

Ҳама умедвор буданд, ки Тоҷикистон ва Узбакистон дер ё зуд оштӣ хоҳанд кард, вале касе чашмдор набуд, ки ин оштӣ ба ин зудӣ даст хоҳад дод.

Хабари бозкушоии гузаргоҳи марзии "Патар" – "Андархон" дар он марзу бум бо суръати нур пахшу пароканда шуд. Марзнишинон дар он сомон пас аз чандин сол имкон ёфтанд, ки бераводид барои чанд рӯз меҳмони якдигар шаванд.

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевКПП "Патар" в Канибадаме, архивное фото
КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КПП "Патар" в Канибадаме, архивное фото

Бар издиҳоме, ки дар нахустин рӯзҳо пас аз боз шудани гузаргоҳ ҷамъ мешуд, фурӯшандаҳои охирин мудели iPhone низ ҳасад бурданд: садҳо тоҷику узбак аз кору зиндагияшон фаромӯш кардаву дар ду сӯи марз навбат мепоиданд то ба чашми худ бибинад ва дилпур шаванд, ки марз ба ростӣ кушода шудааст.

Ҳар кадоме аз ин навбатпоён чун аз гузаргоҳ мегузашт, хоҳ дар нахустин рӯз буда бошад хоҳ дар вопасин, ҳамон як рӯйдодро медид: марду зану пиру ҷавон ҳар кадоме хешованду ҳамтаборашро дар оғӯш мекашиданд ва аз шодӣ ашк мерехтанд. Бисёре аз онҳо якдигарро чандин сол боз надида буданд.

Ин шодиву хурсандӣ чунон ҳамагонӣ ва фарогир буд, ки бархе тобаш намеоварданд. Чунончи, пирамарде аз рустои узбакнишини Совуртеппа аз дидори ду духтараш чунон шод шуд, ки ҳамонҷо дар оғӯши ҷигарбандонаш ҷон ба Ҷонофарин таслим кард. Худо биёмурзадаш!

Ҳолу ҳаво дар Конибодом

Конибодом шаҳрест начандон бузург дар вилояти Суғд, вале таҳаввулоте бисёр бузург дар зиндагии орому ҳанҷорманди мардумаш дар ин рӯзҳо сурат гирифтааст.

Акнун ҳарҷо ки меравед, суҳбат ҳамаҷо аз Узбакистон асту аз он ки чанд соат дар гузаргоҳ мондаанду чигуна аз марз гузаштаанд ва кадоме аз хешовандонашонро дидаанду кадоме мондаву кадоме аз ҷаҳон рафтааст.

"Имрӯзҳо ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тамоми гузаргоҳҳо сарҳадҳо кушода шудааст. Ин боиси он мешавад, ки мардум бе ягон мамонеат байни ҳамдигар рафту омад кунанд. Боиси қайд аст, ки мардуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо сол бо ҳам дӯст буданд, хешутаборӣ доштанд, рафту омад байни ин ду миллат боиси боз ҳам беҳтар гардидани муносибатҳои иқтисодӣ мегардад, ки барои некӯаҳволии мардумони ин ду кишвар сабаб мешавад", — мегӯяд Ҳомид Илҳом Мухтор, муовини умури иқтисодии шаҳрдори Конибодом дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

МУЖДА - Sputnik Тоҷикистон
Ашки шодӣ, дидори наздикон: хурсандии мардуми Тоҷикистону Узбакистон аз боз шудани марз

Пас аз бозкушоии гузаргоҳҳо дар ин шаҳр одамони наве дучор мешаванд, инҷову онҷо гуфтор ба забони узбакӣ ба гӯш мерасад. Ҷолибтар аз он ин аст, ки дар ин шаҳр навбатпоиҳо падид омадаанд. Имрӯзҳо дар қаламрави ноҳияи Конибодом ду гузаргоҳ – "Патар" ва "Равот" кор мекунанд. Ҷолиб аст, ин дувумӣ дар миёни тоҷикону узбакҳои "пиёдарав" маъруфтар аст.

Дар рӯзҳои корӣ навбатпоӣ камтар аст, вале дар рӯзҳои таътил инҷо то мардум дар 5 саф навбат мепоянд. Дар он сӯи марз, дар қаламрави Узбакистон издиҳом ҳамеша бузургтар аст.

"Рӯзҳои аввал мардум бисёртар буд ва изҳдиҳом бештар. Аммо акнун мардум ором гирифта, чун медонад, ки марз боз аст ва ҳар замоне бихоҳанд, метавонанд осон ба Узбакистон бираванд. Вале рӯзҳои ҷумъа мардум бештар ҷамъ мешавад – бисёре пас аз кор мехоҳанд бо хешовандонашон диду боздид кунанд", — гуфт яке аз конибодомиён ба Sputnik Тоҷикистон.

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители на границе между Узбекистаном и Таджикистаном, архивное фото
Жители на границе между Узбекистаном и Таджикистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Жители на границе между Узбекистаном и Таджикистаном, архивное фото

Дар гузаргоҳҳо дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон чи мегузарад

Ҷузъиёти зиндагӣ дар Конибодомро беҳтар аз таксиронҳо шояд касе надонад.

"Мо ҳама аз кушода шудани гузаргоҳҳо бисёр шод шудем. Ин рӯйдод бароямон ҷашн буд. мардум аз шодӣ гиря мекард", — мегӯяд яке аз ронандаҳо.

Вай тавзеҳ медиҳад, ки амалан ҳар конибодомие дар он сӯи марз хешовандоне дорад.

"Дар замони шуравӣ марзе дар миён набуд. Дар Конибодом бисёр узбакҳо зиндагӣ мекунанд ва дар он сӯ аз марз – бисёр тоҷикон. Ҳама бо ҳам хешованд ҳастанд", — мегӯяд ин таксирон.

Ӯ мегӯяд, ки як моҳ пас аз бозкушоии гузаргоҳҳо мардум кам-кам ором гирифтанд, вале дар ин як моҳ ҳаргуна эҳсосотро дар ин гузаргоҳҳо шоҳид будааст.

Чунончи, рӯзе пиразане аз ин гузаргоҳ гирёну нолон баргашт. Чун ҳолашро ҷӯё шуданд, гуфтааст, ки муддати эътибори гузарномаашро ба поён расида ва ӯро нагузоштаанд, ки аз марз бигзарад.

"Гиря мекарду мегуфт, ки мехост хешовандонашро бибинад, вале шиносномааш беэътибор шуда будааст. Аммо марзбонон ӯро омор карданду гуфтанд, ки шиносномаашро нав кунаду биёяд то бе ҳеч мушкиле аз марз бигзарад", — мегӯяд яке дигар аз шоҳидони ин саҳна.

Открытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Раводид бекор шуд: Мирзиёев тоҷикистониёнро дар Наврӯз ба Узбакистон даъват кард

Он пирзан ягона касе набуд, ки аз шиддати эҳсосот наметавонист сухане бигӯяд. Он рӯзҳо бисёре аз касоне, ки солҳо хешу таборашонро надидаву тоза ба дидорашон расида буданд, бо чашмони ашкбор аз шодӣ онҳоро дар оғӯш мегирифтанду Худоро шукр мегуфтанд, ки ба ин рӯз расидаанд.

Ҳам тоҷикон ва ҳам узбакҳо аз раҳбарони ду кишвар сипосгузорӣ мекарданд, ки чунин шароитеро барояшон фароҳам овардаанд.

"Самимона аз раисҷумҳурамон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сипосгузорӣ мекунам, ки марзҳоро боз карданд ва зиндагии мардумро осон намуданд. Умедворам, ки дар оянда беҳтар аз ин ҳам хоҳад шуд", — мегӯяд Абдураҳмон Турсунов аз рустои Пӯлодон.

"Мо 15 сол боз хешовандонамонро надида будем. Аз раҳбарони кишварҳо сипосгузор ҳастем, ки роҳамонро боз карданд. Ин яке аз беҳтарин рӯзҳо дар зиндагиямон аст", — бо лабханд мегӯяд Фарида Қаробоева аз Конибодом.

"Пештар наметавонистем аз кишвари ҳамсоя боздид кунем. Акнун аз баракати сиёсати хирадмандонаи раҳбарамон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон метавонем бе ҳеч мушкиле ба кишварҳои якдигар сафар кунем", — мегӯяд Насимбек Собиров аз Узбакистон.

"Аз раисҷумҳурамон Шавкат Мирзиёев бисёр сипосгузорам. Ҳамчунин аз Эмомалӣ Раҳмон низ. Мо бисёр хурсандем, ки роҳҳо боз шуданд. Кош ҳамеша чунин бимонад, то мо битавонем осон рафту омад кунем", — мегӯяд Насиба Олимова аз Узбакистон.

"Мардум акнун метавонанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд ва хешовандонашонро бибинанд. Аз ин бобат аз раҳбарони ду кишвар бисёр муташаккирем", — мегӯяд Қурбон Ғозиева аз Конибодом.

"Мо даҳ сол наметавонистем бо хешовандонамон дар Тоҷикистон дидор кунем. Имрӯзҳо, дар остонаи Наврӯз, мо имкон ёфтем, ки бе монеа аз марз бигзарем. Бисёр аз раҳбарони ду кишвар сипосгузорем. Худованд хайру баракаташон бидиҳад. Умедворем пайвандҳои дӯстиву хешовандии мо бештар аз пеш устувор шаванд", — шодмона мегӯяд духтаре аз Узбакистон.

© Sputnik / Амир ИсаевКПП "Патар" на границе Таджикистана и Узбекистана
КПП Патар на границе Таджикистана и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон
КПП "Патар" на границе Таджикистана и Узбекистана

"Мо солҳо боз ин орзӯро доштем ва хушбахтона, ба баракати раҳбарони кишварҳоямон, ба он расидем. Худованд умрашонро дароз гардонад. Орзумандам дӯстии Тоҷикистон ва Узбакистон то ҷовидон бимонад. Кош дигар садде дар миёнамон пайдо нашавад", — мегӯяд Матлуба Бердалиева аз Узбакистон.

Куллан ҳолу ҳаво дар гузаргоҳҳои марзӣ ором аст. Марзбонон ба риволи маъмул кор мекунанд ва ҳеч ташдиду ташаннуҷе эҳсос намешавад, магар беқарории шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ҳарчи зудтар ба кишвари ҳамсоя бигзаранд.

Бозкушоии марз чи асару таъсире бар зиндагии рӯзмарра расондааст

Бисёре аз конибодомиён мегӯянд, ки бозпайвастани хешовандон ягона падидаи мусбат аз бозкушоии гузаргоҳҳо нест.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон акнун саргармии наве барои рӯзҳои таътилашон пайдо кардаанд. Акнун ҳар касе, ки метавонад, ба кишвари ҳамсоя сафар мекунад то хешовандонашро бибинад, меҳмонӣ биравад, колоҳоеро бихарад ва ё бигардаду бибинад, ки мардум дар кишвари ҳамсоя чигуна зиндагӣ дорад.

"Ҷараён ҳаргуна аст: рӯзҳои таътил мардум бештар аст ва рӯзҳои корӣ камтар. Бештарин издиҳом дар рӯзи ҷумъа ҷамъ мешавад. Акнун ба душворӣ метавон донист, ки бо тоҷик гуфтугӯ дорӣ ё бо узбак, зеро инҷо, дар ин вилоят, бисёре аз шаҳрвандони Узбакистон ё тоҷик ҳастанд ва ё забони тоҷикиро медонанд ва бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ё узбак ҳастанд ва ё забони узбакиро медонанд", — бо кордонӣ мегӯянд таксиронҳо.

Аз боз шудани марзу гузаргоҳҳо на танҳо мардум, балки соҳибкорон низ бисёр шод ҳастанд, ки кам-кам тиҷорати марзиро роҳ андохта ва бозори наве барои фурӯши колоҳояшон ёфтаанд.

Таксиронҳо низ аз ин қазия шоданд, зеро муштариёнашон дучандон шудаанд. Акнун минибусҳои мусофирбарӣ ва таксиҳо ҳар рӯз дар канори гузаргоҳҳо навбат мепоянд то тоҷикону узбакҳоро ба дидори хешу табору ёру ошноҳояшон бирасонанд.

"Пас аз тасвиби тавофуқномаҳо дар маҷлисҳо ва дорои эътибор шуданашон, ки эҳтимолан пас аз Наврӯз сурат хоҳад гирифт, ин ҳаяҷону издиҳом низ фурӯкаш хоҳад кард ва ба рафту омад ба риволи маъмулӣ бар хоҳад гашт", — мегӯянд ронандаҳо.

Яке дигар аз пайомадҳои бозкушоии марзу гузаргоҳҳо арзон шудани нархи наво дар бозорҳои Конибодом аст.

"Хӯрокворӣ дар бозорҳо арзон шудааст. Чунончи, нархи орд, тухм, сабзиву тарабор коҳиш ёфтааст. Бозаргоҳои узбакистонӣ инҷо омада ва колоҳояшонро арзонтар аз бозоргонҳои тоҷикистонӣ мефурӯшанд", — мегӯянд занони бозорнишин.

Вале бозаргонҳои тоҷикистонӣ ҳам аз ҳамкорони узбакистонияшон кам намеояд ва колоҳояшонр ба Узбакистон мебаранд.

"Ин ҳам ба суди онҳост ва ҳам ба суди мо. Тоҷикҳо низ колоҳои камёбро дар Узбакистон мефурӯшанд. Ҳама аз ин хариду фурӯш хушнуданд", — мегӯянд харидорон дар бозор.

Равобити Тоҷикистон ва Узбакистон

Аз 1 март дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар вилояти Суғд даҳ гузаргоҳе бозкушоӣ шуданд, ки чанд сол пеш аз ин баста шуда буданд. Мардуми дигар ноҳияву вилоятҳо низ тавонистанд аз ин гузаргоҳҳо ба кишвари ҳамсоя сафар кунанд.

КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе хабари ҷанҷоли тоҷирони тоҷику узбакро дар марз такзиб кард

Бозкушоии марзҳо дар паи гарм шудани равобит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон сурат гирифт. Коршиносон аз нахустин моҳҳои ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон эҳтимол медоданд, ки дер ё зуд равобит миёни Тошканд ва Душанбе беҳбуд хоҳад ёфт.

Шавкат Мирзиёев низ бо ба даст гирифтани зимоми умур дар кишвараш роҳи беҳбудсозии равобит бо Тоҷикистонро пеш гирифт. Дар нахустин гом парвозҳо миёни ду пойтахт аз сар гирифта шуданд. Ҳамчунин қарор шуд, ки роҳи қатор низ дубора пайваст шаванд.

Дар ин миён ҳар ду кишвар рӯзҳои фарҳангии худро дар Душанбе ва Тошканд баргузор карданд. Ҳамзамон ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодиро бо баргузории намоишгоҳу фурӯшгоҳҳо ва бастани қарордодҳои чандмилюндулорӣ миёни бозаргонҳои тоҷику узбак густариш дода шуданд.

Муҳимтарин рӯйдод дар равобити ин ду кишвар нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон буд, ки 9 – 10 март сурат гирифт. Раҳбарони Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин дӯ рӯз ҳама масоилу мушкилот миёни ду кишварро баррасӣ карданд ва 27 санад, аз ҷумла созишномаи рафтуомад бе раводид ва поксозии марзҳо аз минаҳоро имзо карданд, ки муҳимтарин дастовард дар 25 соли равобити сиёси ин ду кишвар шумурда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0