ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар дидор бо раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳу равишҳои афзоиши гардиши коло миёни ду кишварро нишон дод, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Раисҷуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо сафари расмӣ вориди Остона шуд. Назарбоев дар дидор бо ҳамтои тоҷики худ дар Оқӯрда – Кохи раисҷумҳури Қазоқистон, таъкид кард, ки дар 25 соли равобити сиёсӣ миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон — "торихи дӯстӣ, торихи дастгирӣ ва пуштибонӣ аз якдигар" аст.
"Дар солҳои ахир, ки иқтисод рӯ ба беҳбуд ниҳодааст, тиҷорат дар як сол 32 дарсад рушд карда ва камобеш ба 1 милёрд дулор расидааст. Мо ба дурнамо ва имконоти мавҷудбуда, ба он чизе, ки шумо ворид мекунед ва ба он чизе, ки мо дорем, нигаристем. Ё он чизҳоеро, ки мо ворид мекунему, шумо доред, ба назар гирифтем. Чаро аз ким кадом кунҷи дунё, аз Аврупо, чизҳоеро бояд шумо биёред, ки мо дорем. Ё баръакс, чаро мо он чизҳоеро ворид кунем, ки шумо доред? Агар мо ин ҳамаро ба инобат гирем, имконияти ба шиддат афзоиш додани чархиши колоро пайдо хоҳем кард" — тавзеҳ дод Назарбоев.
Раҳмон дар навбати худ гуфт, ки дар ду даҳсолаҳои охир Қазоқистон ва Тоҷикистон муносибати дуҷонибаро дар сатҳи шарикии стратегӣ баланд бардоштаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон умедворӣ изҳор кард, ки муносибатҳо бо Қазоқистон минбаъд ҳам бомуваффақият идома хоҳанд ёфт.
"Қазоқистон аз рӯи гардиши коло дар миёни шарикони тиҷории Тоҷикистон ҷойгоҳи дувумро дорад. Ва ман куллан бо шумо розӣ ҳастам, ки сатҳи баланди инкишофи тамоми маҷмӯи муносибатҳои стратегӣ ба манфиатҳои кишварҳоямон ҷавобгӯ аст", — қайд намуд Раҳмон.
Назарбоев инчунин таъкид кард, ки байни ду кишвар ҳеҷ гоҳ мушкилоти ҳалнашаванда вуҷуд надоштанду надоранд.
"Акнун марҳилаи нав барои кори мо ба вуҷуд омадаст. Зарур аст, ки барои иҷрои вазифаҳои дарпешистода роҳҳои навро ҷӯем, ҳол он ки вазъият дар Осиёи Марказӣ тағйир меёбад", — таъкид кард Назарбоев.