Сергей Лавров дар ҳамоиши баррасии масоили Афғонистон дар Тошканд ширкат мекунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция министра иностранных дел РФ С. Лаврова
Пресс-конференция министра иностранных дел РФ С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили Афғонистон дар пойтахти Узбакистон ширкат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили Афғонистон 26 – 27 март дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

"Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров 27 март дар ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили Афғонистон дар пойтахти Узбакистон ширкат хоҳад кард", — гуфт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова.

Пеш аз ин Замир Кабулов, намояндаи вижаи кишвардори Русия барои Афғонистон, мудири Дафтари дувуми Осиёи ВУХ Русия, гуфта буд, ки раҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии ин кишвар дар назар дорад дар ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили Афғонистон дар Тошканд ширкат кунад.

Бино ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии Узбакистон, барои ширкат дар ин ҳамоиш вазирони умури хориҷии Чин ва Амрико, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Урупо ва дабири кулли Созмони милали муттаҳид низ даъват шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0