Сӣ рӯз бидуни сабти ном: вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон беҳтар мешавад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты, архивное фото
Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон ҷонибҳо тавонистанд дар робита ба қавоиду мӯҳлати будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди ин ду кишвар ҳамоҳангӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев созишномаеро дар бораи будубоши шаҳрвандони худ дар қаламрави ин ду кишвар ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Остона омад. Мақсади сафар ширкат дар мулоқоти корӣ (машваратӣ)-и роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд.

Раҳмон бо раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дод, ки дар натиҷаи онҳо тақрибан 10 ёддошт ва созишномаҳо, аз ҷумла, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қазоқистон ва шаҳрвандони Қазоқистон дар ҳудуди Тоҷикистон, ба имзо расид.

Дар суханронии худ пас аз натиҷагирии гуфтушунидҳо, Раҳмон таъкид кард, ки муносибатҳои байнидавлатӣ, пеш аз ҳама, дар робитаҳои байни одамон — мансабдорон ва сокинони оддӣ, асос меёбанд.

"Дар ин росто, мехоҳам аҳамияти имзои Созишнома дар робтита ба тартиби будубоши шаҳрвандони ҷонибҳо дар қаламрави якдигарро қайд намоям. Акнун шаҳрвандони мо дар сафарҳои мутақобилаи худ метавонанд дар ҳудуди ҷонибҳо бе сабтином ба муддати то 30 рӯз ва бо сабтином — то 90 рӯз зиндагӣ кунанд", — эълом дошт раисиҷумҳур.

Открытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Раводид бекор шуд: Мирзиёев тоҷикистониёнро дар Наврӯз ба Узбакистон даъват кард

Сарвари давлати Тоҷикистон афзуд, натоиҷи гуфтушунидҳо бо Нурсултон Назарбоев, бешубҳа, ба мо имкон медиҳад, ки ба ояндаи дурнамои шарикии стратегии кишварҳоямон бо умедҳои бузургу нек нигоҳ кунем.

"Нақши муҳимро дар наздикшавии халқҳои мо, бешубҳа, миллиятҳои тоҷику қазоқ бозӣ мекунанд. Дар ин замина, мо баҳри гузоштани гомҳои минбаъда дар робита ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти марказҳои фарҳангии ду миллият, ибрози назар кардем", — таъкид намуд Раҳмон.

Дар кулл, сиёсатмадорон натоиҷи мулоқотро мусбат арзёбӣ карда, бар он боваранд, ки созишномаҳои баимзорасида барои таҳкими муносибатҳои шарикӣ дар робита ба манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон, хизмат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0