Тоҷикистон масъалаи парвозҳои "Уральские авиалинии"-ро дар Маскав баррасӣ мекунад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавре намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ширкати "Уральские авиалинии" барои парвоз аз шаҳрҳои Перм ва Челябинск ба Душанбе иҷозат надорад

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Тавре муовини аввали раиси Созмони ҳавопаймоии Тоҷикистон Азиз Набизода хабар додааст, ҳайъати ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон барои баррасии масоили парвозҳои "Уральские авиалинии" ба Маскав меоянд.

Чанде пеш намояндаи Вазорати нақлиёти Русия хабар дод, ки Тоҷикистон бо нақзи созишномаҳои байналмилалӣ ва бе огоҳии пешакӣ ба парвозҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз Перм ба Душанбе ва "Краснодар — Хуҷанд", "Челябинск — Душанбе" ва "Жуковский — Кӯлоб" иҷозат надод. Ба гуфтаи вай, дар ин ҳолат Русия низ ҳуқуқ дорад, ки ба ин амали Тоҷикистон посух диҳад.

Набизода афзудааст, ширкати "Уральские авиалинии" иҷозаи парвозро аз чанд шаҳри Русия ба Тоҷикистон надорад, ки Перм ва Челябинск яке аз онҳост.

"Ширкатҳои тоҷикӣ ба ин шаҳрҳо парвоз надоранд. Аммо Вазорати нақлиёти Русия талаб дорад, ки ин ширкат аз шаҳри Перм ва Челябинск ба Душанбе парвоз анҷом диҳад. Мо борҳо дар созишномаҳоямон бо ҷониби Русия қайд карда будем, ки парвозҳо бояд баробар анҷом дода шаванд. Пас, биёд, ин баробариро иҷро кунем",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи нахустмуовини раис, бе ин ҳам ширкати "Уральские авиалиний" нисбат ба ширкатҳои тоҷикӣ парвози бештар дорад."Мо мехоҳем ин мушкилиро ба зуддӣ ҳал кунем. Ба наздикӣ ҳайъати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои гуфтушунид ба Маскав меравад",- афзудааст вай.

Лентаи хабарҳо
0