Ширкатҳои тоҷикӣ дар намоишгоҳи гардишгарии MITT дар Маскав хуш дурахшиданд

© © Sputnik / Рубен ГарсияВыставка туризма в Москве. архивное фото
Выставка туризма в Москве. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои гаштпардози Тоҷикистон барои гардишгарони русӣ ва хориҷӣ гаштҳои гунонгунеро – аз тафреҳ дар осоишгоҳҳо то рӯдгардӣ ва гардишгарӣ дар Афғонистон – пешниҳод мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Имрӯзҳо дар Маскав 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии санъати гардишгарии MITT баргузор мешавад, ки барои нахустин бор ширкатҳои гаштпардози Тоҷикистон низ дар он ширкат мекунанд.

Яке аз ин ширкатҳо "Роҳат Тур" аст, ки новгоне аз автобусҳои гаштбар ва меҳмонсароҳо дар саросари Тоҷикистон дорад ва гашт баргузор мекунад.

Дигар ширкат "Осоишгоҳҳои Тоҷикистон" аст, ки дар заминаи тафреҳ дар осоишгоҳҳо ва гардишгарии дармонӣ фаъолият мекунад.

XIII Форум-выставка Госзаказ – за честные закупки - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳ дар Дубай ширкат кард

Севумин ширкат "Badakhshan Travel" аст, ки барои муштариёнаш гаштҳои кӯҳнавардӣ ва шикорӣ дар Помир, рӯдгарди дар рӯди Панҷ ва ҳаяҷонбарангезтар аз онҳо – гашту гузор дар кӯҳсори Афғонистонро пешниҳод мекунад.

Ҳарчанд ғурфаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ чандон бузург нест, вале боздидкунанда аз он чунон бисёр аст, ки дар поёни дувумин рӯз аз намоишгоҳ дар дасти ширкатҳои тоҷикӣ камтар роҳнамову огаҳиномаҳои гардишгарӣ монда то ба хоҳишмандон бидиҳанд.

Аммо боздидкунандагон ҳамчунон назди овезаи "Хуш омадед ба Тоҷикистон – сарзамини кӯҳҳои осмонбӯсу мардуми меҳмоннавоз" меоянд ва аз роҳнамоҳои гардишгарӣ аз хадамоташон мепурсанд.

"Кишвари мо хориҷиёнро ҳам бо табиати бикру нотакрораш ҷалб мекунад ва ҳам бо мероси торихиву фарҳангии беназир", — мегӯяд мудири кулли ширкати "Роҳат Тур" Умед Абдураҳмонов.

Ширкатҳои гаштпардози тоҷикӣ бо пуштибонии Кумитаи пешбурди гардишгарии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ширкат доранд, ки то 15 март дар маркази намоишгоҳҳои байналмилалии "Экспосент" дар Маскав барпо аст.

Лентаи хабарҳо
0