Мирсаидов: тоҷикон метавонанд бо узбекон рақобати иқтисодӣ дошта бошанд

Негматулло Мирсаидов
Негматулло Мирсаидов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Неъматулло Мирсаидов пайомадҳои боз шудани бозорҳои Тоҷикистону Узбакистон ба рӯи тавлидкунандагони ду кишварро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳафтаи гузашта нахустин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Душанбе баргузор шуд. Шавкат Мирзиёев ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд санадеро имзо карданд, ки таҳаввулоте жарф дар муносиботи Тошканд ва Душанбе падид хоҳанд овард.

Аз муҳимтарин дастовардҳои дидору гуфтугӯҳои Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон имзои санадҳои ҳамкорӣ дар сохтусози нерӯгоҳи Роғун, бардоштани раводид барои сафар ба ду кишвар ва густариши ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ аст.

Ин ду санади ахир мубодилаи коло миёни ду кишвар, баргузории намоишгоҳ-фурӯшгоҳҳои колоҳои санъативу кишоварзӣ ва пуштибонӣ аз коркушоёну бозаргонҳои ду кишварро дар назар доранд.

Мирсаидов: экономическая конкуренция таджиков и узбеков на руку потребителям

"Боз шудани бозорҳои Тоҷикистон ва Узбакистон барои тавлидкунандаҳои ду кишвар ҳамзамон бо тағйироти мусбат пайомадҳои манфӣ низ хоҳанд дошт", — мегӯяд Неъматулло Мирсаидов.

Вай бар ин назар аст, ки ширкату бунгоҳҳои тоҷикие, ки колоҳои яксон бо рақибони узбакашон тавлид мекунанд, дар ин рақобат зиён хоҳанд кард. Вале рақобат миёни тавлидкунандгон нархи колоҳоро арзон мекунад, ки ба суди масрафкунандагон аст.

"Мо пайомадҳои манфии ҷиддиеро интизор надорем. Ҳамакнун танҳо бахши кишоварзӣ аз ин тағйирот бештарин асару таъсирро эҳсос хоҳад кард", — гуфт Неъматулло Мирсаидов ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай мегӯяд, ки Тоҷикистон метавонад кошту бардошти картошкаро афзоиш диҳад, зеро он дар Узбакистон камтар аст.

Вале дар бахши пахтакорӣ тавлидоти Тоҷикистон наметавонанд бо колоҳои Узбакистон рақобат кунанд, афзуд Мирсаидов.

Вай бар ин бовар аст, ки имрӯз колоҳои санъати пахтакории Узбакистон бо колоҳои Чин рақобат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0