ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии сафорати Тоҷикистон дар Олмон, рӯзи 13 март, Маликшо Неъматов бо сафири Узбакистон дар Берлин Набиҷон Қосимов дидор кардааст.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот аз натиҷаҳои нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев изҳори шодӣ намуда, қайд кардаанд, ки ин рӯзҳои деринтизорро хурду бузург дар ҳарду кишвари бародар бо шодию нишот истиқбол кардаанд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки натоиҷи пурбори ин сафари воқеан таърихӣ натиҷаи талошу ниятҳои неки сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад.
Ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки дар оянда дар ҳамбастагӣ сафоратхонаҳои ҳарду кишвар таъриху фарҳанги куҳан ва имкониятҳои иқтисодию захираҳои гардишгарии Тоҷикистону Узбакистонро бо баргузории форуму чорабиниҳои гуногун дар Олмон муаррифӣ созанд.
Дар охири мулоқот сафири Тоҷикистон ба нишони эҳтирому дустӣ ба сафири Узбакистон китоби "Баҳористон"-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро тақдим кардааст.