Қатъи интиқоли обрасонӣ дар Душанбе

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба муддати як шабонарӯз интиқоли обрасонӣ қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik.  Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, интиқоли обрасонӣ ба далели  пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳофиз Шерозӣ қатъ мешавад.

Бо сабаби  пайваст намудани қубури хобонидашудаи қутраш 426 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, дар иншооти "Маркази барқу  гармидиҳии 2" интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

"Интиқоли обрасонӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Мухторов, Нодира ва ҳудуди ноҳияи Сино- маҳаллаи Комсомол аз соати 22:00 рӯзи 13 март  то соати 24:00 рӯзи 14 марти соли 2018 қатъ мегардад",-омадааст дар эълом.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба имзо расида, тибқи он раисони ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва директори Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" вазифадор гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш   сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0