Рӯзи дувум: Шавкат Мирзиёев бо Қоҳир Расулзода мулоқот кард

© Фото : Сайт президента УзбекистанаПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев провел двусторонние встречи с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзода
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев провел двусторонние встречи с Премьер-министром Таджикистана Кохиром Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои судманд ва пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо зарур шумориданд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.  Раисҷумҳури Узбакистон дар рӯзи дувуми сафари давлатиаш бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз рушду густариши ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон, таҳкими дӯстии  давлатҳо ва мардумони тоҷику узбак изҳори хушнудӣ карда, тақвияти муносибатҳои дуҷонибаро дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ, фарҳангу сайёҳӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ намуданд.

"Таъкид гардид, ки чунин тадбирҳо дар фароҳам сохтани шароити аз имрӯза ҳам хубтару беҳтари зиндагӣ барои шаҳрвандони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон заминаи устувор хоҳад гузошт", гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои судманд ва пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо зарур шумориданд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва намояндагони ҳукумат кишвар рӯзи 9 март бо сафари давлати дурӯза вориди Душанбе шуданд.

Лентаи хабарҳо
0