Барномаи "Шоми дӯстӣ" бо ширкати беш аз 250 ҳунарманд дар "Кохи Борбад" баргузор шуд.
Сараввал раисҷумҳурони Тоҷикисону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмол ва Шавкат Мирзиёев суханронӣ карда, хурсандии худро аз барқарор шудани муносибатҳои ду миллати дӯст иброз доштанд.
Дар консерти муштарак, ки ҳам ҳунармандони Тоҷикистон ва ҳам ҳунармандони Узбакистон ширкат доштанд, чанд суруди тоҷикӣ, узбакӣ ва ширу шакар (тоҷикиву узбакӣ) садо доданд, ки аз ҷониби тамошобинон хело хуш пазируфта мешуданд.

1/8
© © Пресс-служба президента Таджикистана
Пас аз гуфтушунидҳои самаранок Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба консерт рафтанд

2/8
© Пресс-служба президента Таджикистана
Дар "Кохи Борбад" сарони ду кишварро гарму самимӣ бо қарсакҳои бардавом пешвоз гирифтанд

3/8
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози барнома гуфт, ин дидор рамзӣ дар омад омад ҷашни Наврӯз баргузор мешавад

4/8
© © Пресс-служба президента Таджикистана
Шавкат Мирзиёев гуфт, беҳтар шудани равобитҳоро мардуми ҳар ду кишвар дер боз итизор буданд

5/8
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Ҳунарнамоии Давлатманд Холов дар назди сарони ду кишвар

6/8
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев бо суруди ширу шакари "Замон, замони мо"

7/8
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Ҷониби Тоҷикистонро 150 ҳунарманд-ҳафизону мусиқинавозон ва раққосон намояндагӣ карданд

8/8
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Чанд ҳунарманди Узбакистон таронаи тоҷикӣ иҷро карданд