Аҳмадзода ба табрики бонувони собиқадор рафт

© Фото : пресс-служба Хукумата Согдической областиПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи иди Рӯзи Модар ду нафар аз занони собиқадорро аёдат намуда, иди бонувонро барояшон табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 9 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, Аҳмадзода ба занони собиқадор туҳфаҳои молӣ додааст.

Яке аз  занон собиқадори соҳаи саноат Ҳамро Тоҳирова мебошад, ки малакаю маҳорати худро солҳои зиёд барои рушди ин соҳа бахшидааст. 

Ҳамро Тоҳирова барои меҳнатҳои софдилонааш ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд сазовор гардидааст.

Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат паёми Эмомалӣ Раҳмонро расонида, барояш саломатӣ ва давлати пирӣ таманно намудааст.

Роҳбари вилоят ҳамзамон собиқадори меҳнат Биазиз Гулматоваро аёдат намудааст. Мавсуф солҳои зиёд дар фабрикаи дӯзандагии шаҳри Хуҷанд кор кардааст ва натиҷаи заҳматҳову фаъолияти пурсамараш борҳо бо ордену медалҳо қадршиносӣ шудааст.

Ба занони собиқадор туҳфаҳои молии раиси вилоят дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0