Хашми корбарони араб аз баргузории намоиши мода ва либос дар Мадинаалнабӣ

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПоказ коллекции модного дома Firdaws
Показ коллекции модного дома Firdaws - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баргузории ҷашнвораи мода ва либос ба сабки ғарбӣ ва ба дур аз суннатҳои исломӣ дар Мадинаи Мунаввара, хашми корбарони араби шабакаҳои иҷтимоиро барангехтааст

ДУШАНБЕ, 8 марти — Sputnik. Бино бар гузориши хабаргузории "Парстудэй", Ҳазорон корбарони арабистонии Твиттер баргузории шови мода ва либосро дар шаҳри муқаддаси Мадина накуҳиш карданд ва онро тавҳини ошкор ба фарҳанги исломӣ донистанд.

Корбари Твиттер ба номи Аҳмад навиштааст: Ҳадафи созмондиҳандагони ин шови либос хадшадор кардани қадосати ду шаҳри мазҳабии Мадина ва Макка аст ва ҳатто шаҳри паёмбари ислом низ аз осеби онон дар амон намондааст.

Корбари дигаре ба номи Умар Алсаноё навиштааст: Бебанду борӣ ва овозхонӣ ва баргузории фашен шов тавсеа ва пешрафт нест.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддаои баргузоркунандагони ҷашнро, ки гуфтаанд, ҳадафашон аз ин иқдом, касби даромад барои кӯдакони дучори аутисм аст, рад карда ва муътақиданд, хидмат ба ин навъи кӯдакон бо эҷоди муассисоти ҳимоятӣ мумкин аст на бо намоиши бадани урёни занон дар шаҳри Расулуллоҳ (с), ки иқдоме хилофи фарҳанги ҷомеаи Арабистон аст.

Фаъолони иҷтимоӣ ва бисёре аз сиёсатмадорон дар ҷаҳони араб бар ин боваранд, ки Оли Сауд ба баҳонаи эҷоди фазои боз дар ҷомеа ва тавсеа ва пешрафт, ба одоб ва русум ва боварҳои динии мусулмонон беэҳтиромӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0