Хуршед Сатторов ба муносибати 8 март пӯшоки баҳоронаашро намоиш дод (НАВОР)

Обуна шудан
Пеш аз Иди бонувон тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов дар Душанбе тарҳи навашро бо номи "Баҳор" намоиш дод

Дар ин намоиши мӯд меҳмонон аз Эрон, Укараина, Русия, Фаронса ва Амрико ширкат доштанд.

"Ин тарҳамро, ки аз 12 либос иборат аст ва мутобиқи мӯд дӯхта шуда, дар худ зебоии фарҳанги тоҷикиро инъикос мекунад, ман ба занони кишвари худ мебахшам. Зеро маҳз занон доим манбаи илҳомии ман буданд: либосҳои рангоранг, нақшу нигори зебо ва дӯхти замонавӣ-ин ҳама аз зебогии зани тоҷик нақл мекунад",- гуфт Саторов дар мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамчунин, Сатторов ба муносибати 8 март ба харидорони худ ҳадяе дорад: ба тамоми либосҳои тарҳи вай тахфиф эълон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0