Тоҷикистон нахустин трансформаторҳоро аз Узбакистон дарёфт кард

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкНа электроподстанции. Архивное фото
На электроподстанции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Узбакистон ва Тоҷикистон чанд қарордоди хариду фурӯши таҷҳизоти барқӣ имзо карда буданд, ки дар чорчӯби онҳо нахустин маҳмулаи трансформаторҳо ба Душанбе таҳвил дода шуд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Корхонаи тошкандии "Электроаппарат" нахустин маҳмулаи трансформаторҳоро ба Тоҷикистон ирсол намуд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Ӯзбекистон-24".

Мудири омили ширкати саҳҳомии “Ozelektroapparat-Electrosheld” Владимир Роюк Дар мусоҳиба бо ин шабака гуфта, ки ширкатҳои ду кишвар пештар чанд қарордод баста будаанд ва бар асоси онҳо Тоҷикистон нахустин маҳмула аз тавлидоти ин корхонаро ба маблағи 670 ҳазор доллар дарёфт кард.

"Бор аз роҳи оҳан фиристода шуд ва барқкорони тоҷик онро дарёфт кардаан. Мо бисёр шодем, ки равобитамон барқарор шуданд",  – таъкид кард Роюк.

Ин нахустин бор аст, ки пас аз чанд сол тавлидоти корхонаи тошкандии “Электроаппарат” ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Ҳамзамон сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе Абдуҳалим Солеҳзода гуфтааст, ки колоҳои барқии сохти Узбакистон кайфияти муносиб доранд ва Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ бо он ширкат қарордод бастааст то таҷҳизоти барқиро аз Узбакистон дарёфт кунад.

Лентаи хабарҳо
0