Аҳмадзода Рӯзи Модарро ба бонувони Суғд табрик гуфт

© Фото : пресс-служба Хукумата Согдической областиПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бонувони Суғдро ба муносибати Рӯзи модар табрик кардааст

ДУШАНБЕ, 7 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин табрикот раиси вилоят ба модарон тансиҳативу хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу кардааст.

Дар номаи табрикотии раиси вилоят омадааст.

Модарону хоҳарони азиз! Дар ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи моро бузургиву шаҳомат, наҷобату шарофат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар ба ҳам овардааст, модарону бонувони иззатманди вилоятро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон — Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба занони кӯчарӯб 3 миллион сомонӣ ҷудо кард

Эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату сарбаланди мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар фармудаанд:

"Модар гаҳвораву оламро ба ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд".

Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан — модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.

Маҳз Модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву некӯкориро мекорад, то насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.

Даврони истиқлолият занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид, таваҷҷӯҳ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт.

Давлат пуштибони зан ва зан такягоҳи давлат шуд. Қабул шудани барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон, танзими оила ва масоили демографӣ дар ҳаёти ҷомеа ва занон таҳаввулоти амиқ ба амал оварданд.

Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ҷавобан ба ғамхориҳои раисҷумҳур рисолати иҷтимоии худро амиқу дуруст дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон, бонувони вилоятро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ ва худогоҳу худшинос комёбиҳо орзу менамоям. Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!

Лентаи хабарҳо
0