ДУШАНБЕ, 7 марти — Sputnik. Чархболи яке аз сохторҳои қудратии Чеченистон дучори сонеҳа шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
"Дар ин сонеҳа ҳаддақалл 5 тан аз 9 сарнишини ин чархбол ҷон бохтаанд", — гуфтааст манбаъе ба ин хабаргузорӣ.
Вай афзудааст, ки имдодрасонҳо ҳануз ба маҳалли афтодани чархбол нарасидаанд ва шумораи дақиқи кушташудагону осебдидагон ҳануз маълум нест.
Гуфта мешавад, ки ин чархбол дар дараи Хангихой дар ноҳияи Итумқалъа бар замин афтодааст. Аммо ниҳодҳои расмӣ ҳануз ин хабарро таъйид ё такзиб накардаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки дирӯз, 6 март як ҳавопаймои таробарии Ан-26 низ ҳангоми нишаст дар пойгоҳи низомии "Ҳмеймим" дар Сурия дучори сонеҳа шуда буд.
Ин ҳавопаймо 6 халабон ва 26 мусофир дошт, ки ҳама дар ин пешомад ҷон бохтанд.
Вазорати дифоъ гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми нишаст дар наздикии пойгоҳи низомии "Ҳмеймим" дучори сонеҳа шуда ва камобеш 500 метр то фурудгоҳ нарасидааст. Далели ин сонеҳа "камбуди фаннӣ" дониста шудааст.