Раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур ба истеъфо рафт

© © Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами
Портфель с документами - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар бораи аз вазифаи раҳбари дастгоҳи раисҷумҳур озод шудани Фарид Ниёзов қарор имзо кардааст

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Қирғизистон Фарид Ниёзов бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон.

"Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар бораи аз вазифа озод кардани раҳбари дастгоҳи президент Фарид Ниёзов дар мувофиқа бо аризааш, қарор имзо кард",-омадааст дар хабарнома.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур раиси нави Ожонси мубориза бо фасодро таъйин кард

Ниёзов ҳафтаи гузашта ба истеъфо рафта буд, вале Жээнбеков аризаи ӯро қабул накарду ба ӯ таътили як ҳафтаина дод.

Чанде пеш раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки Ниёзов-менеҷери хуб дар идоракунии давлат аст ва қарорашро ҳурмат мекунад. Жээнбеков қайд кард, ки одат накардааст, ки касеро "илтимос кунад", то аз дар вазифа истад.

Ниёзов узви гурӯҳи раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев буда пас аз интихобот, фаъолияташаро бо кишвардори нав идома дод.

Ба фикри коршиносони сиёсӣ, чунин дигаргуниҳо аз ивазшавии доираҳои ҳукумати ҷадид дарак медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0